15 Ноябр 2025 - 09:30
Source: ABNA
Ҳимояти кишварҳои арабӣ ва исломӣ аз нақшаи қатъномаи оташбас дар Ғазза

Кишварҳои арабӣ ва исломӣ аз нақшаи қатъномаи пешниҳодшудаи Амрико барои оташбас дар Ғазза ҳимоят карданд.

Бино ба гузориши Агентии ахбории "Абно" ба нақл аз шабакаи хабарии "Шарқ", Арабистони Саудӣ, Миср, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Индонезия, Покистон, Урдун ва Туркия дар як баёнияи муштарак эълон карданд, ки аз нақшаи тағйирёфтаи Амрико дар Шӯрои Амният дар бораи Ғазза ҳимоят мекунанд.

Ин кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар поёни ин баёния, изҳори умедворӣ карданд, ки ин қатънома ҳарчи зудтар тасвиб шавад.

Гуфта мешавад, ки намояндагии Амрико дар Созмони Милал, бегоҳии рӯзи чаҳоршанбе нақшаи қатъномаи худро дар бораи ҳайати сулҳ ва ташкили нерӯи байналмилалӣ барои субот дар Ғазза ба аъзои доимии Шӯрои Амният пешниҳод кард.

Нақшаи ин қатънома хостори аз саргирии вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Милали Муттаҳид шуда ва иҷозати эҷоди як нерӯи байналмилалӣ барои таҳқиқи сулҳ дар Навори Ғазза таҳти фармондеҳии воҳидро пешниҳод кардааст.

Бар асоси ин қатъномаи пешниҳодӣ, ин нерӯи байналмилалӣ бо Миср ва режими саҳюнистӣ барои халъи силоҳ ва ҳимоят аз ғайринизомиён ҳамкорӣ хоҳад кард.

Аз дигар мавриди ишорашуда дар нақшаи ин қатънома, иҷоза ба Шӯрои Сулҳ (ё ниҳоди муодил) барои эҷоди кумитаҳои иҷроии муваққат ба манзури идораи мудирияти шаҳрвандӣ дар Ғазза аст, илова бар он ки Бонки Байналмилалӣ ва тарафҳои ҳимояткунандаи ғизоро ба эҷоди як сандуқ барои ҳимоят аз бозсозии Ғазза даъват кардааст.

Ин қатъномаи пешниҳодӣ ҳамчунин бар ақибнишинии режими ишғолгар аз Ғазза таъкид кардааст, ки дар чанд марҳила ва бар асоси стандартҳои халъи силоҳ анҷом хоҳад шуд, ҳамчунин бар ҳузури нерӯҳои амниятӣ дар атрофи Навори Ғазза то безарар гардондани ҳамаи таҳдидҳо таъкид дорад.

Аз сӯи дигар, ин қатънома идомаи кори Шӯрои Сулҳ дар Ғаззаро то поёни соли 2027 ба шарти анҷоми бархе иқдомоти дигар аз сӯи Шӯрои Амният муҷоз шуморида ва аз давлатҳо ва созмонҳо барои кумак ба интихоби афроди Шӯрои Сулҳи Ғазза ва таъмини молии он даъват кардааст.

Дар бахши дигаре аз ин қатъномаи пешниҳодӣ таъкид шудааст, ки Шӯрои Сулҳи Ғазза бар асоси усули қонунҳои байналмилалӣ ҳукумат хоҳад кард, илова бар он ки шароити возеҳтаре барои хуруҷи нерӯҳои саҳюнистӣ аз Навори Ғазза баён кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha